Аз ман он комёбро чаҳ ғам аст
Зини шаби он маҳтобро чаҳ ғам аст
Зарраҳо гар шаванд зеру зибр
Чашмаи офтобро чаҳ ғам аст
Гар маро нест хобии андари чашм
Чашми он ним хобро чаҳ ғам аст
Гар бисӯзад ҳазор парвона
Машъали хонаи тобро чаҳ ғам аст
Вар кунам ман саволи куштани хеш
Тарки ҳозири ҷавобро чаҳ ғам аст
Хусрав ар ҷон диҳад , ту дайр бизӣ
Моҳӣ ар марди обро чаҳ ғам аст