Чаҳ вазни моҳи саморо баробари рӯят
Ки офтоб фалак нест ҳам тарозуят
Баробарӣ накунад бо ту офтоб , агар
Ҳазор бор баробар кунанд бо рӯят
Ду зулфи ту зи пас гӯшаот доне чист ?
Ду зоғ , лек аз он камони абрӯят
зи ташнагони лабати шарбатии дареғи мадор
Кунун ки об латофат равонаст дар ҷӯят
Шаб фироқ дарозаст , ман , наме донам
Ки мубталои шабам ё аз он гесуят
Шабам чигуна набошад дароз аз ҳиҷрон
Ки ҳеҷ менатавонам гусаст аз мӯят
Буруни ҷа аз кафи ғам , хсрўо , чу тир аз шаст
Камони ишқи макаш , нест чун ба бозуят