Ба худ мубин ки чу рӯй ман офтобӣ ҳаст

Ба ман нигар ки чу ман дар ҷаҳонӣ харобӣ ҳаст ?

зи равшании рухи тугар ба сад ниқоб равад

Касе надонад бар рӯй ту ниқобӣ ҳаст

Дилами зи новаки чашмати ҳазор равзан шуд

зи сӯрати ту ба ҳар равзан офтобӣ ҳаст

Шаби ман аз чаҳ сабаби тиратар буд ҳар рӯз

Чу аз рухи ту ба ҳар хона офтобӣ ҳаст

Маат ба ақраб ва инак раҳе ба азми сафар

Вале хушам ки дарон ақраб инқилобӣ ҳаст

Хати ту фатво навишт ин чунину фатво ро

Ҷуз онкӣ гуфтам ман бо тўош ҷавобӣ ҳаст

Прир бар сар бомаш бидидам ва гуфтам

Ҳануз бар сари боми ман офтобӣ ҳаст

Лаби ту дар дилам омад бипурс ҳам зон лаб

Ки пари намактар азон ҳеҷ дилӣ кабобӣ ҳаст ?

Азин ҳавас ки нишоне бибояд аз даҳанат

Вуҷӯдро ба адам ҳар замон шитобӣ ҳаст

Бар оби дидаи хусрави ҳама ҷаҳон бигирист

Табораки аллоҳ дар дидаи ту обӣ ҳаст