Шабӣ , эй бод , сӯии он рух гулгун нахоҳӣ шуд

Ба кӯии он фиреби ангези пар афсун нахоҳӣ шуд

Марои бории баромади ҷони зи бедорӣу танҳоӣ

Бар он бдгў ки хоҳӣ шуд ҳам аз акнӯн нахоҳӣ шуд

Расед он нозанин инак , ало , эй сабри тарсони дил

Ситодӣ кардае некӯ , агар берун нахоҳӣ шуд

Ман имшаб фурсатӣ дорам ки сайраш бингарам , лекин

Ҳам андар дидани аввал , дило ,гар хӯн нахоҳӣ шуд

Балоӣ ҷонаст он занҷири ҷаъд , эй ошиқи мискин

Чаҳ май бинии дарав , яъне ки ту маҷнӯн нахоҳӣ шуд ?

Нигоро , зи оби чашми ман дилат гаштааст , ме донам

Ки аз бахти бади ман боз дигргўн нахоҳӣ шуд

Дилу дайни биҳдаҳ бар буи зулфат мекунам зойеъ

Аз он хеши хусравро , ту кофар , чун нахоҳӣ шуд ?