Моро ту санам бошӣ , дигар ба чаҳ кор ояд

Бо лаъли ҷигари сӯзат , шукр ба чаҳ кор ояд

Ханҷари кашӣ аз мижгон бар синаи ман , чун ман

Бетеғ шудам кушта , ханҷар ба чаҳ кор ояд

Кофари хати ҳиндӯят ҷое ки кашад мо ро

Ёрб ки ба Ҳиндӯстони кофар ба чаҳ кор ояд

Дил аз пай он хоҳам то хӯн шавад аз ишқат

Гар кор бад-ӣн ноед , дигар ба чаҳ кор ояд

Аз гавҳари ишқи худ зевар кунамат , бингар

Хӯбӣ чу фузун бошад , зевар ба чаҳ кор ояд

Шуд хастаи даруни ман аз бими ҷафои кишон

Чун менадиҳад додам , довар ба чаҳ кор ояд

Ахтари шимурам ҳар шаб дар толеъи худ , лекин

Чун кор қазо дорад , ахтар ба чаҳ кор ояд

Бар ҷону дили хусрав ҳар лаҳза наад борӣ

Кин ошиқи мискини ҳам дигар ба чаҳ кор ояд