Онро ки сару корӣ бо чун ту нигор уфтад

Сари пеши ту дрбо зад чун кор ба кор уфтад

Сангаст на дили кӯро бо зулф ту уфтад хеш

Баси турфа буд сангии кӯ бар сар мор уфтад

Уфтад чу ту бархезӣ дар пои ту сад ошиқ

Зини ҷумла чаҳ бархезад , бо онкӣ ҳазор уфтад

Ҷон хок шавад зини ғам каз зулфи ту вомонда

Гул хушк шавад барҷогар ёд баҳор уфтад

Сад гиря кунад мардум то ту ба канори ое

Сад мавҷ занад дарё то дар ба канор уфтад

Аз новаки мижгонат афғон накунам ҳаргиз

Гуҳи гуҳи гузари булбули ҳам бар сар хор уфтад

Алқсаҳ баровардӣ гардии зи дили хусрав

Ҳам дида намехоҳад каш бо ту ғубор уфтад