Давлат на ба зӯраст ва ба зорӣ чаҳ тавон кард

Бо бандаи надории сари ёрӣ чаҳ тавон кард

Ман бар сари онам ки кунам ҷон ба фидоят

Ореи сари васлам чу надорӣ , чаҳ тавон кард

Сабраст давои дили бечораи маҳзун

эй дил , чу ту бесабру қарорӣ , чаҳ тавон кард

эй мардумаки дида , агар теғи фироқаш

Хӯни ҷигарати рехт ба зорӣ чаҳ тавон кард

Бе ёди ту як лаҳза нафас меназанам ман

эй дӯст , гарми ёди надорӣ чаҳ тавон кард

Гар банда бечора навозанд , тавонанд

Ваз низ баронанд ба зорӣ чаҳ тавон кард

Ҷон дар сару кор ту кунад хусрави бедил

Лекини ту ба он сар чу надорӣ , чаҳ тавон кард