Бод омаду бӯе зангорам нарасонид
Пинҳони суханӣ аз лаб ёрам нарасонид
Фарёди ман хастаи расонид ба кӯяш
Фарёд ки дар гӯш нигорам нарасонид
Афсӯс ки бигузашт ҳамаи умр ба афсӯс
Бахти орзӯии дил ба канорам нарасонид
Айёми ҷавонӣ ба сари зулф батон шуд
Иқбол ба сари ришта корам нарасонид
Чун булбули дай бо нафас сард бамурдам
Айём ба гулҳои баҳорам нарасонид
Чаҳ суди азин лофи айёрӣ ки сиёсат
Сар бар шараф кангар дорам нарасонид
Гуфтам ки хӯрам тирӣ ва эмин шавам , он низ
Он кофари девона саворам нарасонид
Муштоқи малик хок шудам бар дар даҳлез
Давлат ба саропарда ёрам нарасонид
Сад шарбат хӯн дод ба хусрави зи ғами ишқ
Як ҷуръа май вақт хуморам нарасонид