Сарвӣ чу ту дар хлх ва нўшод набошад
Ин нозукии андари гул ва шамшод набошад
Чун ту хушӣ , эй дӯст , ба вайронии дилҳо
Ободтар он сина ки обод набошад
Ғамҳо хӯраму нола ба гӯшти нрсонм
Косўдаҳи дилонро сар фарёд набошад
Гуфтӣ ки сарат хок кунам бар сари ин кӯ
эй хок бар он сар ки бад-ӣн шод набошад
Он рӯзи мабодо ки кунам аз ту фаромӯш
Ҳар чанд ки рӯзяти зи ман ёд набошад
Маъзӯр ҳаме дорамат , аз ҷавр кунӣ , зонк
Дар мазҳаби хубон равиш дод набошад
Магрез зи дармондагии ҷони асирон
Конҷо ки ту бошӣ , дилӣ обод набошад
Таъна мазан , эй зоҳид , агар тавбаи шикастам
Сад тавба кунад ошиқ ва бунёд набошад
Ҷон бар ту фиристам ки азон сӯй ки дил рафт
Дар бурдан агар коҳилӣ аз бод набошад
Ҳар чанд ки хусрав ба сухан май набарди дил
Чун наргиси ҷодӯии ту устод набошад