Чун мурғи саҳар аз ғам гулзор бинолад

Аз ғами дили девонаи ман зор бинолад

Ҳар кас ки ба гӯшаш бирасад нола ӣ зорам ,

Бар дарди ман сӯхтаи дил зор бинолад

Бар сӯзиши ман ҷони зан ва мард бисӯзад

Вази нолаи зорам дар ва девор бинолад

эй онкии зи дардат хабарӣ нест , макун айб

Гар сӯхтае аз дил аФгор бинолад

Хусрав , агар аз дард бинолад , чаҳ тавон гуфт ?

Айбӣ натавон кард ки бемор бинолад