Маро бо ту ки шаби бедоре буд

зи ту нозӣ ва аз ман зоре буд

Набад ҷои далерӣ дар ғами ишқ

Ки бахти хуфтаро бедоре буд

Сабуригар чаҳ бас девонагӣ кард

Шабаш бо ошноёни ёре буд

Ба шуғл диданати хуш буд ҷонам

Агар чаҳ халқро бекоре буд

Назарбозӣ Муродӣ дошт , бо онк

Дили дармондаро душворе буд

Ҷамолат оштӣ дод , онкии як чанд

Миёни ҷону тани безоре буд

Ҷуз аз хӯни дилам шарбат наме хӯрд

Ки чашматро аҷаби беморе буд

Фаровони гарм пурсӣ кард , он ҳам

зи об дидаам дилдоре буд

Ғанимат дошт хусрави иззати хеш

Ки бахти хуфтаро бедоре буд