Ба ҳар дарду ғамии дил мубтало шуд

Чаро якбораи ёр аз мо ҷудо шуд ?

Бурид аз дӯстони худ ба якбор

Дариғо , ҳоҷати душман раво шуд

Бигуфтам ошиқонро носазое

Кунун ошиқ шудам , инам сазо шуд

Ба риндӣ ва ба шухӣ ва ба сад ноз

Дил аз ман барад ва онгаҳ порсо шуд

Шаб аз ҳамсояҳо фарёд бархест

Маро нолидан шабҳо бало шуд

Гирифтораш шудам бо як нигоҳӣ

зи як дидани марои чандин бало шуд

Вафо ва меҳрбонӣ кард бо халқ

Чу давр хусрав омад , бевафо шуд