Дили ошиқ чаро шайдо набошад
Ба ишқи андари ҷаҳон расво набошад
Нагӯйӣ то ба кӣ , эй шӯхи дилбар
Турои пурвои ҳол мо набошад
Ба бустони латофат сарв бошад
Вале чун қад ӯ раъно набошад
Кадомин дида дар вай нест ҳайрон ?
Магари чашмӣ ки ӯ бино набошад
На дил бошад ки ғофил бошад аз ёр
На сар бошад ки пар савдо набошад
Ба навъе дили зи хусрав дар ту бастам
Ки бо ғайри туам парво набошад