Дили моро шикеб аз ҷон набошад
Вар аз ҷон бошад , аз ҷонон набошад
Марои душвор азу бошад сабурӣ
зи ҷонони дили сабур осон набошад
Набошад нолаи айб аз дардмандӣ
Ки дардаш бошад ва дармон набошад
Маро чун ишқ меҳмонаст ҳоким
Фузулитар азин меҳмон набошад
Ғамат шуд дар дили шӯридаи сокин
Ки ҷои ганҷи ҷуз вайрон набошад
Надорад маи ҷамол рӯй хубат
Вагар ин бошад , аммо он набошад
Хаёлат ,гар ба меҳмон ман ояд
Диламро ҷузи ҷигар меҳмон набошад