Бигузашт ва назар накард мо ро
Бгзошти зи сабри фарди мо ро
Бо ин ҳама шояд ар бигӯед
Парвона чу шамъи сарди моро !
Мо бехабар аз назора будем
Ҷон рафт ва хабар накард мо ро
Гар дида ба хок дар наризад
Аз давр басаст гирди мо ро
эй бехабарон ки панд гуед
Баҳри дили ёваи гирди мо ро
Донанд ки не ба ихтиёр аст
Чашмтар ва рӯй зарди мо ро
Сад шарбати офияти шумо ро
Як чошнӣии зи дарди мо ро
Хокистарӣ аз вуҷӯд мо монад
Баси коташ ишқ хӯрд мо ро
Ҳар чанд бсухт хусрав аз шавқ
Ин шуъла мабод сарди мо ро