Гар дилбари ман бар ман ояд

Дил дар бару рӯҳ дар тан ояд

Шабҳо зи ҳаво гирифтаам боз

Вақтаст ки дар нишеман ояд

Тарсам ки дар интизори рӯйиш

Рӯем ба намоз хуфтан ояд

Шуд мавсими онкӣ дар гулистон

Булбул ба наво ба гуфтан ояд

Абр об занад зи дида бар хок

Фарроши сабо ба рафтан ояд

Вази нолаи мурғу гиряи абр

Гул хандад ва дар шукуфтан ояд

Соқӣ кашад интизори булбул

То бози гулӣ ба гулшан ояд

Чун шамъ ситодаам ба як по

Парвона агар ба куштан ояд