Бимаст ки савдоят девона кунад мо ро
Дар шаҳр ба бадномӣ афсона кунад мо ро
Баҳри ту зи ақлу дайн бегона шудам оре
Тарсам ки ғамат аз ҷон бегона кунад мо ро
Дар ҳиҷри чунон гаштами ночиз ки гар хоҳад
Зулфат ба сари як мӯ дар шона кунад мо ро
Зон силсилаи гесуи маншури наҷотами даҳ
Зон пеш ки занҷират девона кунад мо ро
Зингўнаҳи заъиф ар ман дар зулфи ту овезам
Машшота ба ҷои мӯ дар шона кунад мо ро
Ман мезада дӯшам шояд ки хаёли ту
Имрӯз ба як соғар мастона кунад мо ро
Чун шамъ батон гаштии пеши ой ки то хусрав
Бар оташ рӯй ту парвона кунад мо ро