Ҳар ки чу ту ба некуии офати ақлу ҷон буд
Хӯни ҳазор бе гунаҳи резаду ҷои он буд
Монад забон ва дил бишуд аз ғами ту маро ва худ
Ошиқи хаста то буд бедил ва безабон буд
Ту ба камӣни онкии ман кушта шавам ба кӯии ту
Ман ба дуои онкӣ то умри ту ҷовдон буд
Ту ба итоби ҳозирӣ , чун ба миннат назар фитад
Ман ба қисоси розӣам ,гар зи туами амон буд
Ман зи итоби чашми ту бад накунам ки дар ҷаҳон
Тундӣу хашму бдхўиии одати некӯон буд
Дар сару кори ошиқӣ , ҳар ки набохт хону мон
Ошиқ дӯст нест ӯ , ошиқи хону мон буд
Давлат агар намекунад сӯии ман гадои гузар
Ту гузарӣ кун ин тарафи давлати ман ҳамон буд
Чун ту ба боғ бигузарӣ гул нарасад ба буии ту
Лек расад ба қоматат , сарв агар равон буд
Зулфи гузашт бар лабат тира шудӣ ба рӯй ман
Бӯса касе агар занад , сӯии миннати гумон буд
Хусрави хастаро чу ҷон дар сару кор ишқ шуд
Бӯса музоиқа макун , тоаш ба ҷои ҷон буд