Аз лабатгар хат мегаван сар бурун хоҳам кашид

Аз яке кунҷ даҳан шуд дил фузун хоҳад кашид

Гар буруни хоҳӣ хиромидан яке бнмоимт

Онкии по дар домани исмат дарун хоҳад кашид

Рӯй агар онаст , раҳи сӯй бало хоҳад намӯд

Ишқ агар инаст то ҳад ҷунун хоҳад кашид

Гом дил бигзор дар дунболи зулфат , аз баҳри онк

Мўкшон дар хоки роҳаш сарнигӯн хоҳад кашид

Солҳо бигузашт ва ғамҳои нават куҳна нашуд

Ман надонистам ки ин ғам токунӯн хоҳад кашид

Бар ман имшаби шаҳнаи ҳиҷрон қавӣ шуд , омада аст

Ғуссаи деринаро донам бурун хоҳад кашид

Ҷони хусрав бар лаб омад , то кӣ ин мискин ҳануз

Меҳнати ишқу ҷафои чарх дун хоҳад кашид