Дар шаби ҳиҷрон ки рӯзии ҳеҷ душманро мабод
намеравад умри азизам чун сари зулфат ба ёд
Меҳнати ҳиҷрону ранҷи роҳу ташвиши сафар
Ин ҳамаи гӯйии насиби ҷон маҳҷӯрам фитод
Сайли хӯни дил ки аз ингуна ояд сӯии чашм
Дам ба дам бар об хоҳад рафт мардуми зини савод
То зи хати ҷом май фаҳм маъонӣ карда ам
Ҳар чаҳ хондам пеши устод тариқат шуд зи ёд
Тарки чашмаши рехти хӯни мо ба шухӣ , вази лабаш
Хўнбҳо ҷустем аз вай , хўнбҳо бар ҳам ниҳод
Дар ғамат гар рафт хусрав аз ҷаҳон , умри ту бод
Лек хоҳад хости рӯзи маҳшар аз даст ту дод