Пардаи ошиқони дард парда кунад чу рӯй ро

Ҳар тарафӣ дилӣ фитад шона кунад чу мӯӣ ро

Дил ки зи халқ мебарад нест барои мардумӣ

Туъма фарох мекунад баҳри сегон кӯй ро

Ваа ки надории огаҳӣ аз дил бе қарори мо

Чанд ба бод бар диҳии турраи мшкбўӣ ро

Бар сари пой буд ҷони нозу киришмаҳои ту

Дод баҳонаҳо басии ҷони баҳонаи ҷӯй ро

Рӯй ба мо кун ва макун дидаи моу хок дар

Саҷда равост ҳар тарафи қиблаи чори сӯй ро

Гар чаҳ ғубор ошиқон менанишинад аз дарат

Давр макун бад-ӣни гунаҳи ҷони баҳонаи ҷӯй ро

Ҳар чаҳ ки беш бинмти тира тараст рӯзи ман

Миннат оина манеҳ бахти сиёҳ рӯй ро

Қиссаи мо магар кунун оби ду дида гуядат

Зонка бибаст ҳайратат ҳуққа гуфту гӯй ро

Дорам умеди хандае , бӯ ки бгнҷдми сухан

Танги мгир беш аз ин пистаи танги хуй ро

Хусрав агар ғамат хӯрд нола басаст хизматаш

Воҷиб човашон диҳанд аз пайҳоиу ҳўӣ ро