То хаёл рӯй он шамъи шабистон дида шуд
Сӯхтами сар то қадами пайдоу пинҳон дида шуд
Сабзи хаташ бар нигини лаъл то бар зад қадам
Аз Хизри пай бар канори оби ҳайвон дида шуд
намешавад аз партави рухсори мҳроФрўзи ту
Дидаҳо равшан , магари хуршеди тобон дида шуд
Зомд ва рафт хаёли қомати зебоӣ ӯ
Ҷилваи гоҳи нози он сарви хиромон дида шуд
Аз паии назораи гулбарги рӯят , як ба як
Қатраҳои ашки ман бар нӯки мижгон дида шуд
То бидидам дар лабаш , хӯни дил аз чашмам бирехт
Ёғии хӯнӣ ки рафт он мусулмон дида шуд
Чашми хусрав буд ва рӯй ӯ ҳикояти мухтасар
Гар ба чашми худ касеро сӯрати ҷон дида шуд