Гар дили ошиқам аз ишқи ту ранҷур шавад
Кулбаи ҷони зи балоҳои ту маъмур шавад
Ҳаст равшан ба рахти дида , агар хоки раҳат
Боз дар дидаи кашам , нури алӣ нур шавад
Гашти аъамӣ , чу хати сабз туро дид рақиб
Чашми афъӣ чу зумуррад нигарад , кӯр шавад
Ҳолиё чашми ту мастаст , чҳо мекунад ӯ ?
Оҳ , агар ғамза занон ояд ва махмур шавад
Гуфт лаълат ба табассум ки дил аз мо баргир
Аз асал , амр маҳоласт , магас давр шавад
намеравад ҷон ба сари кӯии ту дидори талаб
Мӯсо , оре , талабади васл ки бар тавр шавад
Ҷони ман рӯй ту шуд , эй хушии ҷонам , агар
Хусрави сӯхта аз васли ту масрур шавад !