Лаби хунхори ту ҷузи хӯни дил афзӯн накунад

Чашми ту ҷузи ҷигари сӯхтагон хӯн накунад

Моҳ рӯй чу ту дар меҳр наме афзоед

Кам азон кин ситаму ҷавр бар афзӯн накунад

Чун расад ғорати таркони хаёлат , ошиқ

Нақди ҷонро чаҳ кунад каз дил берун накунад

Сухани талхи ту чун заҳр кунад дар дили кор

Турфаи корӣ ки дарин заҳри кас афсун накунад

Даст азон дорам бар худ ки нуҳуми пой ба ҳуш

То марои силсилаи зулфи ту маҷнӯн накунад

Мардумони чашми маломати сӯй ман дошта анд

Мардумӣ кӣ кунад , аз чашми ту акнӯн накунад

Чанд бо хусрави саргашта чу гардуни гардӣ

Барнагардӣ , зи вай , андеша гардун накунад