Ту ки рӯзат ба нишоти дил ва ҷон ме гузарад
Шаб , чаҳ доне , ки маро бе ту чаҳ сон мегузарад ?
Об хуш мехӯрд ин халқи зи сайли чашмам
Бас ки дили сӯхта зон об равон ме гузарад
Қоматати рост чу тирасту аҷоиби тирӣ
Ки зи ман давру маро дар дил ва ҷон ме гузарад
Новаки чашм туам мекашаду ғайрати ҳам
Ки чаро дар дилу ҷон дгарон мегузарад ?
Бош аз ман шинав , эй ҷон , ғами дил чанд хурӣ
Ҷон , дил инаст ки моро ба забон ме гузарад
Дил гум карда ҳаме ҷӯяд халқӣ дар хок
Андари он роҳ ки он сарв равон ме гузарад
Сӯзи ҷонҳост , мабодо ки расад дар гӯшт
Нолаҳо каз дили хусрав ба даҳон ме гузарад