Девона мекунӣ дилу ҷони хароб ро
Машкан ба нози силсилаи машки ноб ро
Беҷурм агар чаҳ рехтани хӯн буду бол
Ту хӯн ман бирез зи баҳри савоб ро
Буии висол дар хури ин рӯзгор нест
Зойеъ макун ба далқи гадоёни гулоб ро
эй ишқ , шуғли ту чу ба ман нокасе расед
Охир касе намонад чаҳон хароб ро
Аз чошнии дарди ҷудоӣ чаҳ огаҳанд
Як шаби касон ки талх накарданд хоб ро
Тӯфон фишон ба дидау қаҳти вафо ба даҳр
Тақвими ҳукм кӣ кунад ин фатҳи боб ро
То гуфтамаш бикаш , зи мижаи теғи ронда буд
Мо бандаем ғамзаи ҳозири ҷавоб ро
Гар хотираш ба куштани бечорагон хуш аст
Ёрб ки ёри новак ӯ кун савоб ро
Офати ҷамоли шоҳиду соқии сети биҳдаҳ
Бадном кардаанд ба мастии шароб ро
Хуноба май чкондм аз гиряи сӯзи дил
Хуши гиряи ист бар сари оташи кабоб ро
Хусрави зи сӯз гиря наёрад нгоҳдошт
Ореи суфоли гарм ба ҷӯши оради об ро