Тарки ошиқи каши ман , тарки ҷафо хуш бошад

Ба вафо кӯш ки аз дӯсти вафо хуш бошад

Бе ту , эй гул , сари гулгашт чаман нест маро

Ки тамошои гулистони шумо хуш бошад

Парда баргир зи рух то ки дуоеи бикунам

Ки ба ҳангоми саҳаргоҳи дуо хуш бошад

Гар кунад ноз вагар арбада бо аҳли назар

Чашми мардуми каши он шӯх ба мо хуш бошад

Гар дилам риш кунад вари ҷигарам хӯн созад

Чашми ғоратгари он тарки маро хуш бошад

Доим аз парвариши ман он сарв хуш аст

Ҳама хоҳанд ки парвардаи мо хуш бошад

Хсрўо , дидаи нигаҳи дори зи дидори рақиб

Ки зиёни назар аз суҳбат нохуш бошад