Бас ки хӯни ҷигар аз роҳи назар берун шуд

Дил наме бояд азин вартаи раҳ берун шуд

Новаки чашми ту то хӯни дилами рехти зи чашм

Дар миёни дилу чашми ман он дам хӯн шуд

Аз таб ҳиҷр бамурдем ба кунҷи ғам ва ҳеҷ

Кас напурсед ки он хастаи ғамгин чун шуд

То чу моҳи нав азон меҳри ҷудои афтодам

Умри ман кам шуду меҳри рух ӯ афзӯн шуд

Гар на занҷири дил аз турра хубон карданд

Зулфи Лайлии з чаҳ рӯи силсила маҷнӯн шуд

Ёр чун дарҷи ақиқӣ ба табассум бикшод

Чашми хусрав чу садафи пари з дар макнун шуд