Чашми гарданда ӯ бо ҳама кас ме гардад

Чун расад давр ба ман , худ ба ҳавас ме гардад

Зулфи кжбози ту бобанда ба сад булъаҷабӣ

Пеш меояд ҳар лаҳза ва пас ме гардад

Аз пай онкӣ бигирад саги шабгарди маро

Фитнаи андари сари зулф чу асас ме гардад

Ҷон ки пиромни хол сияҳат ме бинад

Анкабутии сет ки бар гирд магас ме гардад

Шом то субҳи хаёли ту бигардад дар чашм

Кас нагӯяд ки дарин хона чаҳ кас мегардад ?

Дами нақд аз лаби ту бод ба дастаст маро

Каз нафас май зайд ва ним нафас ме гардад

Хсрўо , чун ту гулиро чаҳ кунад , онкӣ бар ғам

Ҳама чун бод ба дунбола хас ме гардад