Абрӯӣ монанди моҳаш бингаред
Ҷаъди мишкӣн дўтоҳш бингаред
Бар чунон ҷӯрӣ ки чашмаш ме кунад
Рӯй зебои узр хоҳиш бингаред
Бас ки андар рӯй ӯ мастаст чашм
Хуфтан то чошт гоҳаш бингаред
Баҳри чашми бади дуои ошиқон
Гирди тъўиз кулоҳаш бингаред
Дӯши дил дар кӯй ӯ гум карда ам
Дӯстон бар хок роҳаш бингаред
Кӯри бодои чашми тон ,гар субҳгоҳ
Бе ман он рӯй чу моҳаш бингаред
Даъвӣ хӯн мекунад аз ту дилам
Дидаи хусрав гувоҳаш бингаред