Охири ин дардам ба дармон кӣ расад

Навбати дидори ҷонон кӣ расад

Ин дили саргашта ӣ савдо зада

Аз висол ӯ ба сомон кӣ расад

Одами ошуфтаи дил дар интизор

Монда то пайғоми ризвон кӣ расад

Дидаи ёқӯб бар роҳи умед

То дигар Юсуф ба канъон кӣ расад !

Дил чу булбули зору нолон дар фироқ

То гули рӯят ба бустон кӣ расад