Лаъли ширинӣ чу хандон ме шавад
Дар ҷаҳони ширинӣ арзон ме шавад
Қад ӯ ҳргаҳ ки ҷавлон ме кунад
Гўиёи сарв хиромон ме шавад
Партави рӯйиш чу май тобади зи давр
Офтоб аз шарм пинҳон ме шавад
Қиссаи зулфаш чун намегӯям ба кас
Зон ки хотираҳо парешон ме шавад
Ман на танҳо мешавам ҳайрон ӯ
Ҳарки ӯро дид ҳайрон ме шавад
Ма чу мегуяд , чаҳ бинавозам туро ?
То нигаҳ кардам , пушаймон ме шавад
Ҳаркиро шоҳӣ олам орзӯаст
Бандаи даргоҳ султон ме шавад
Хусравӣ каз калаки гавҳарбор ӯ
Кор бесомон ба сомон ме шавад