Гар касе дар ишқ оҳӣ ме кунад
Ту напиндорӣ гуноҳӣ ме кунад
Бедилӣ гар мекунад ҷое назар
Сунъи яздонро нигоҳӣ ме кунад
Бо дами соҳибдилон хорӣ макун
Кони нафаси кор сипоҳӣ ме кунад
Онкии сангӣ май наад дар роҳи ман
Аз барои хеш чоҳӣ ме кунад
Гар бинолад хастае , маъзӯри дор
Заҳматӣ дорад ки оҳӣ ме кунад
Ишқро онкў сипар созад зи ақл
Дафъи кӯҳиро ба коҳӣ ме кунад
Гар кунад риндӣ назарбозӣ равост
Мӯҳтасиби ҳам гоҳ гоҳе ме кунад
Як дам аз хотир фаромӯшам нашуд
Онкии ёди ман ба моҳӣ ме кунад
Чанд нолидем , худ ҳаргиз нагуфт
Кин тазаррӯъ додхоҳӣ ме кунад
Гарчи хусравро азин ғами бим ҳост
Ҳам умедашро паноҳӣ ме кунад