Моро зи кӯии ҷонони азм сафар набошад
Бе умри зиндагонии касро басар набошад
Васфи даҳон ширин мегӯям ва надонам
Дар васф ӯ чаҳ гӯям кон мухтасар набошад
Зулфи туро ба ҳар сӯ бод афганд азон рӯ
То бори хастаи дилҳо бар як дигар набошад
Васли ту берақибон ҳаргиз нашуд муяссар
Бехору хас касеро гул дар назар набошад
Бар оҳи дардмандони худро сипар насозӣ
Кин тири пари балоро саҳм аз сипар набошад
Бар остони шоҳии дарвеш бенаво ро
Ғайр аз дар гадои роҳ дигар набошад
Бо ту куҷои расонади қосиди саломи хусрав ?
Ҷое ки муҳаррами онҷои бод саҳар набошад