Зулфат ки ҳар хам аз вай дар шона ме нагунҷад
Дилҳо ки ӯ фишонд дар хона ме нагунҷад
Дилҳо чунон ки доне хӯн кун ки ман хамӯшам
Дар кори ошноён бегона ме нагунҷад
Гар май кашеми худкаш , бар ғамзаи бори мФгн
Дар бахшиши карямон парвона ме нагунҷад
Мақсӯди дили зи хубони маънӣ буд на сӯрат
Дар дил шароб гунҷад , паймона ме нагунҷад
Афсурда васл ҷӯяд дар дил на доғи ҳиҷрон
Бар мемагас нишинад , парвона ме нагунҷад
Дар ҷамъ бут прессатон сарбози ишқ бояд
Кандар сафи арӯсон мардона ме нагунҷад
Зини нозукони раъно , хусрав , гурез зеро
Дар кӯии шишаи корон девона ме нагунҷад