Дил бе рухи ту сӯрати ҷонро наме шиносад
Ҷон бе лаби ту гавҳари конро наме шиносад
Чандин чаҳ мекунад он зулф бар ҷамолат ?
Яъне ки чашми захми ҷаҳонро наме шиносад !
Наргис ба зери пот чаро дидаро намолад ?
ё кӯр шуд ки сарви равонро наме шиносад
Кучаки даҳонат бар дами сарви раҳе чаҳ хандад ?
Яъне ки ғунчаи боди хазонро наме шиносад
Фарёди ман зи сабр ки бо ҳиҷр ме насозад
Шак нест ки қадару қимати онро наме шиносад
Дар хусрави шикаста назар кун ки дар фироқат
Девона гашта перу ҷавонро наме шиносад