Ёрӣ ки бар ҷудоӣ ӯем гумон набӯд

Моҳӣ набӯд он ки шабӣ дар миён набӯд

Бегонаи вор аз сари мо соя во гирифт

Моро зи ошноӣ ӯ ин гумон набӯд

Домонаш чун гузошт ҳақи суҳбати қадим ?

Гирам ки дасти ҳеҷ касаш дар миён набӯд

Гул омад ва ба боғи расиданди булбулон

Ваон мурғи рафтаро ҳавас ошён набӯд

Зомиди васли зистанам буд орзӯ

Варна фироқи ёр ба ҷонӣ гарон набӯд

Ҷонам ба ҷон ва ман наам аз зиндагон , аз онк

Зу буд ҷумлаи зиндагии ман з ҷон набӯд

Рафтам ба буии суҳбати ёрон ба сӯии боғ

Гӯйӣ ба боғ зон ҳамаи гулҳо нишон набӯд

Хусрав , агар гули ту з гулзор шуд , манол

Доне ки ҳеҷ гуҳи чаман бехазон набӯд