Зон гул ки андакии бутаи машк ноб шуд

Бисёр халқ аз мижа дар хӯн хизоб шуд

Дар хрдгиш дидам ва гуфтам ки маи шӯй

ӯ худ барои сӯзиши халқ офтоб шуд

Он содагӣ ки дошт , ба сурхӣ шудаш ба дил

Қандӣ ки дошт нешикар ӯ , шароб шуд

Баҳри худо дигар ба дили ман гузар макун

эй чашмаи ҳаёт ки хӯни ман об шуд

Ҷузи буи хӯн наомад аз ӯ дар димоғи ман

Аз зулф ӯ гуҳӣ ки ҷаҳони машк ноб шуд

эй пндгўӣ , назд ту саҳласт ишқ , лек

Мискин касе ки ҷону дил ӯ хароб шуд

Дай дар чаман шудам бигушоед магари дилам

Оҳӣ задам ки он ҳамаи гулҳо гулоб шуд

Дар хоби пеши чеҳраи хусрави падеди гашт

Султони гузашту қиссаи мо нақш об шуд