Гумон мабар ки марои ҳеҷ кас ба ҷой ту бошад

Қисм ба ҷону сари ман ки хоки пой ту бошад

Агар ба турбатами оеи ҳазор соли пас аз ман

Шукуфта бар сари хоками гули вафоӣ ту бошад

Ғами ту хоки вуҷӯдам ба бод дод ва нахоҳам

Ғубори хотири гардӣ ки дар ҳавоӣ ту бошад

Ғариб нест ки бегона гардад аз ҳамаи олам

Ҳар он ғариб ки дар шаҳри ошноӣ ту бошад

Зиҳии ҷамоати кӯтаҳи назар ки сарви сеӣ ро

Гумон баранд ки чун қади дилрабоӣ ту бошад

Чигуна бар ту натарсам ки ҳар тараф ки дар ое

Ҳазор дидаи хўнриз дар қафоӣ ту бошад

Бишӯй дасти зи хусрав , агар на пеш ту ояд

Ки ҳар қадам ки занад дӯсти хунбҳои ту бошад