Гулу шукуфа ҳама ҳаст ва ёр нест , чаҳ суд ?

Бути шукри лаби ман дар канор нест , чаҳ суд ?

Баҳор омад ва ҳар гул ки бояд он ҳама ҳаст

Гулӣ ки май талабам дар баҳор нест , чаҳ суд ?

Ба интизори тавон рӯй дӯстон дидан

Ду дидаро чу сар интизор нест , чаҳ суд ?

зи фарқ то ба қадам зар шудам зи гӯнаи зард

Вале зи санги шикебам айёр нест , чаҳ суд ?

зи баҳр хӯрдани дилгар ҳазор ғам дорам

Чу бахти хештанам устувор нест , чаҳ суд ?

зи дӯсти мужда мақсӯд мерасад , лекин

Аз он ҳазор яке барқарор нест , чаҳ суд ?

Агар чаҳ бода умед мекашад , хусрав

зи даври чархи сараш бехумор нест , чаҳ суд ?