Баҳор бе рухи гулранги ту , чаҳ кор ояд ?

Марои як омаданат ба ки даҳ баҳор ояд

Агар ду аспа дуанд ба гирд ту нарасад

Гули пиёда ки ӯ бар сабо савор ояд

Хаёл рӯй ту аз дида меравад берун

Агарна аз мижаи поиш ба нӯк хор ояд

Маро чу мӯии сарати сохт чашми ҷодӯят

Ки мӯии сари зи паии ҷодуӣ ба кор ояд

Ҳазор кушта ба фитроки гесуи овезон

Ҳаме равад чу саворӣ ки аз шикор ояд

Ғами ту бор гаронаст , лек чун аз тест

Дилам гарон нашавад ,гар ҳазор бор ояд

Туе муроди дил ва кӣ буд з омаданат

Муроди хусрави бечора дар канор ояд ?