Касе ки баҳри ту ҷон бохтан ҳавас дорад

Чаҳ ғами зи шаҳнау андеша аз асас дорад

Сиришки ман ҳама симоб шуд , наме донам

Ки кимиёии сабурии кадом кас дорад ?

Ман ғариб ба роҳи умед хок шудам

Хуши он касе ки бар он пой дастрас дорад

Марои пасини нафаси зистани ҳавас , ваон маст

Ба хоби нози куҷои поси ин нафас дорад ?

Ҳалоки хеш ҳаме гӯям , ар чаҳ ме донам

Ки ангабин чаҳ ғам аз мурдан магас дорад ?

Ту хуфта май гузар , эй моҳрӯии мҳдншин

Ки бор бар шутурасту фиғон ҷарас дорад

Бирафт ҷони зтни ман дар он ҷаҳон ва ҳануз

зи баҳр дидан ту рӯй боз пас дорад

Ту худ ба бӯсаи диҳии ҷон , вале наёрад гуфт

Ки бози мурдаи ту зиндагӣ ҳавас дорад

Балост майли ту дар рӯзгори хусрав , аз онк

Чаҳ дӯстӣаст ки оташ ба сӯй хас дорад ?