Хаттӣ ки бар самани он глъзори бинависад

Бунафшаи нусхаи он бар баҳори бинависад

Насими боди сабои шарҳи он хати райҳон

Ба машк бар варақи лолаи зори бинависад

Басои рисола ки дар оби чашми мо дарё

Ба дида бар гуҳари обдори бинависад

Ба рӯзгор тавонад асири дарду фироқ

Ки шамае зи ғами рӯзгори бинависад

Ба ёди лаъли ту ҳар лаҳзаи чашми ман фаслӣ

Бад-ӣни ду лаъли ҷавоҳирнигор бинависад

Саводи хати ту ёқӯт агар диҳад дасташ

Бар офтоб ба хати ғубори бинависад

Ҳадиси хӯни дилами ин Халифаи чашмам

Азон ба гирди лаби ҷӯйбори бинависад

Фалак чу қисса Мансур башнавад , хусрав

Ба хӯни сӯхта бар пои дори бинависад