Чу хати сабзи ту бар офтоб банависанд

Ба дӯди дили сабақи машк ноб банависанд

Ҳадиси лаъли равонпарвар ту май хорон

Ба дида бар лаби ҷом шароб банависанд

Басо ки бода прессатон чашми мо ҳар дам

Барот май ба ақиқ музоб банависанд

Муайянаст ки тӯфон дигар падед ояд

Чу номи дидаи мо бар саҳоб банависанд

Сиёҳӣ ар набӯд , мардумони дарёӣ

Ҳадиси мавҷи сиришкам ба об банависанд

Саводи шеъри ману оби дидаи васфи нуҷум

Шубони тира ба машк ва гулоб банависанд

Муҳаррирони фалаки шарҳи оҳи дилсӯзам

Ба як рисола ки бар ҳафт боб банависанд

Хаттӣ ки мардуми чашмам савод кард ҷавоб

Магар ба хӯни дили онро ҷавоб банависанд

Бароти ман чаҳ буд ,гар бар он лаби ширин

Ба машки судаи зи баҳр савоб банависанд

Сазад ки бар рухи хусрави қалами занони сиришк

Дуои хусрав олиҷаноб банависанд