Ошиқонро чу нома боз кунед

Номи ман бар сараш тароз кунед

Зуҳди рафтаи сет , эй мусулмонон

Бода нӯшеду чанг соз кунед

Гар шумо дайн ошиқон доред

Баъд аз ин пеши бут намоз кунед

Гоҳ мурдан шунидам аз Маҳмӯд

Гуфт , « рӯем сӯй Аёз кунед »

Ман ғулом шумоем , эй хубон

Бикашам ,гар ҳазор ноз кунед

Чанд бошед масти ҳасан , охир

Чашмҳоро зи хоб боз кунед

Дида бошед он ҷавони маро

Сифаташи пеши банда боз кунед

Бо чунон қомат , эй санавбару сарв

Шарм ноед ки по дароз кунед

Бишанведи ин ҳикояти хусрав

Пеши он сарв сарфароз кунед