Агар он моҳ меҳрбон гардад

Ғами дили ғмгсор ҷон гардад

Онкӣ чун номаш оварам ба забон

Ҳамаи аҷзои ман забон гардад

Вар кунам ёди новаки чашмаш

Мӯ бар аъзои ман синон гардад

Чун кунам нақши абрӯяш бар дил

Қад чун тири ман камон гардад

Маи зи шарми ҷамоли ту ҳар моҳ

Дар ҳиҷоби адам ниҳон гардад

Ёрб , ин Осиёи дулобӣ

Чанд бар хӯн ошиқон гардад

Чун дилам бо ғам ту гуяд роз

Дар миёни хона тарҷумон гардад

Чун зи лаълат сухан кунад хусрав

Шукр аз мантиқаш равон гардад