Дил бо дардро куҷо ёбанд ?

Гӯнаи зардро куҷо ёбанд ?

Ёри андӯҳ бедилон , чаҳ хушаст ?

Нафаси сардро куҷо ёбанд ?

Хӯбрӯии ман аз батон фард аст

Ин чунин фардро куҷо ёбанд ?

Чун манӣ кӯ ки ҳоли ман пурсад

Ёри ҳамдардро куҷо ёбанд ?

Сабрам аз даст ғам гурехт , кунун

Он ҷаҳонгардро куҷо ёбанд ?

Ҳар ки дар ишқ ҷон диҳад мард аст

Ин чунин мардро куҷо ёбанд ?

Саги кӯеи сети хусрави андари ишқ

Шери новирдро куҷо ёбанд ?