Мо чу гаштем ба тири мижаи ёри ошиқ

Шуд дили сӯхтаи пари дарду ҷигари хори ошиқ

Ду ҷаҳонро ҳама бар оташ сӯзон фиканд

Ҳар ки шуд аз дилу ҷон бар рухи дилдори ошиқ

Ёри мо рӯй чу хуршед бъолм бинмуд

Ҳама заррот ҷаҳонанд бадӣдори ошиқ

Муҳаррам рӯй ту ҷузи чашми ту натавонад буд

Чун шавад бррхи зебои ту ағёри ошиқ

Булбул аз ишқи гул ар нола кунад хуш бошад

Ҳаст бар нолаи булбули дили гулзори ошиқ

Кӯҳӣ аз дидаи хўнбор фиғон кун ки худо

Ҳаст бар оҳи туу гиряи хўнбори ошиқ

Хати рухсор ёр шуд таълиқ

То дилам шуд бъшқи дӯсти рафиқ

Муъминони худо чу ихвонанд

Манаму дард ӯнигор шафиқ

Пеши ёқӯт ӯ ду лаби дида

Ёфтам дар миёни баҳри амиқ

Зад рақиби ту бар дилами сангӣ

Бишикаст ӯ чу пардаи исти дақиқ

Баҳри дили мавҷи хӯни боўҷи расонад

Ки ду олам дар ӯ шуданд ғариқ

То абади мо ва ишқ ҳамроҳем

Аз дилу ҷон рафиқ шуд тавфиқ

Рафтам аз водии ҳаваси берун

То расидам ба манзили таҳқиқ

Ҳаст дар ғори синаи кӯҳӣ

Рӯҳ чун Мустафоу дили садиқ