Саломи аллоҳ эй хуршеди тобон

Ки дар шаҳрӣ ва дар кӯҳу биёбон

Саломи аллоҳи ин моҳи мунаввар

Ки кардӣ ҷумлаи олами нури афшон

Саломи аллоҳ Эй ҳастӣ мутлақ

Ки ҷуз ту нест кас дар ҷисму дарҷон

Саломи аллоҳ дар ҳар рӯз ва ҳар шом

Ки рӯяти рӯзи вшби зулфи парешон

Саломи аллоҳ эй аллоҳу Акбар

Ки кардӣ ҷумларо бетеғ барон

Саломи аллоҳ дар ҷони ҷузи ту кас нест

Ки дилбар мекунӣ нолону гирён

Саломи аллоҳи васфат кӣ тавон гуфт

Забонҳо бар ту гунгу лоли ҳайрон

Саломи аллоҳ бар одам худо гуфт

Ки худро дид дар мроти инсон

Саломи аллоҳ бар ҳавво баён кард

Агар чаҳ барадяш аз роҳи шайтон

Саломи аллоҳи бршис ва бар Идрӣс

Биҷузи ҷису бҷони Нӯҳу тӯфон

Саломи аллоҳи гӯ бар ҳуду солеҳ

Бар иброҳӣм шуд оташи гулистон

Саломи аллоҳи ҳам бар лути восҳқ

Ба ёқӯб ва ба Юсуфи шоҳи канъон

Саломи аллоҳ ба асмъили қурбон

Ки қурбӣ ёфт андари иди қурбон

Саломи аллоҳ бар шъёу Юшаъ

Дигар брҳзрти Мӯсои умрон

Саломи аллоҳ бар Хизр ва ба Илёс

Ки эшонанд ғарқи оби ҳайвон

Саломи аллоҳи бриҳиии маъсӯм

Ки сари ббриднш дар ташти ғалатон

Саломи аллоҳ аз мо бар закариё

Ки арра бар сараш биниҳод субҳон

Саломи аллоҳ аз мо бар азиз аст

Дигар бар ҳикмати донои луқмон