Биё эй дӯсти дидорӣ аз ин сӯ
Муаззаз кун шабии рухсор аз ин сӯ
Вагарна бо насим субҳ бифирист
Рмўии зулфи худ якто аз ин сӯ
Бгўшт мерасад ҳар субҳу шомӣ
Фиғону нолаҳои зор аз ин сӯ
Барои дафъи махмурии субҳҳо
Равон кун бода ӣ Аброр аз ин сӯ
Гиреҳ дорад дилам аз гиря бигушоӣ
Бихандаи лаъли шкрбор аз ин сӯ
зи гулзори ҷамоли худ насимӣ
Биёад субҳдам бигзор аз ин сӯ
Чу булбули биқрорм ҳар саҳаргоҳ
Фикан баррагӣ аз он гулзор аз ин сӯ
Аё эй дилбари айёри шаби рӯ
Биё бар кӯрии ағёр аз ин сӯ
Раво набӯд ки танҳо май хурӣ май
Бидиҳ як соғари хумор аз ин сӯ
Қадаҳ бар каф бкўҳӣ гуфт соқӣ
Биё аз ҷониби кҳсор аз ин сӯ